Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба 45 фоиз баробар шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 апрели соли равон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат муташаккилона оғоз ёфта, иҷрои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз дар маҷмӯъ ба 45 фоиз баробар гаштааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
-Миёни дигар минтақаҳо дар баробари ВМКБ шаҳри Душанбе пешсаф мебошад. Дар 4 ноҳияи пойтахт иҷрои маъракаи даъват ба 64 фоиз баробар аст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ, 13 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи маъракаи хизмат хабар додаанд,-афзуд Фаридун Маҳмадализода.
Мавсуф зикр кард, ки дар рӯзи нахустини ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Ба ҳамин тартиб иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 35 фоизро ташкил дода, ноҳияи Шаҳристони ҳамин минтақа аз иҷрои нақшаи пурраи даъват гузориш дод.
Ҳамзамон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 35 фоиз баробар аст. Аз байни дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аввалин шуда, ноҳияи Носири Хусрав ва баъдан Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъватро пурра ианҷом доданд.
Ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ -даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бо мааром идома дошта, иҷрои нақша дар ин минтақа 59 фоизро ташкил медиҳад. То ин муддат ноҳияҳои Сангвор ва шаҳрҳои Ваҳдату Шаҳринав аз иҷрои пурраи даъват гузориш доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад
Акс аз бойгонӣ








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






