Дар Тоҷикистон навсозии заминаи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимии омӯзиши ибтидоии касбӣ идома дорад

Апрель 6, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030 дар Тоҷикистон на камтар аз 30% хатмкунандагони мактабҳо (ҳар сол тақрибан 58 ҳазор нафар) бояд ба таҳсили миёнаи ибтидоии касбӣ  фаро гирифта шаванд. Ба ҳамин тартиб, ба нақша гирифта шудааст, ки иҷтимоикунонӣ ва ба шуғл ҷалб намудани ҷавонон дар бозори меҳнат таъмин карда шавад. Дар кишвар ҳар сол шумораи донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, муассисаҳои таълимӣ бояд мутобиқи талаботи муосир ва стандартҳои байналмилалӣ бошанд, бо лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳаз шуда бошанд ва дар ҷараёни таълим донишомӯзон бояд дар асоси стандартҳои салоҳиятнокӣ омӯзонида шаванд.

Барои ҳалли ин масъала ҳоло дар ҷумҳурӣ навсозии заминаҳои моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимии омӯзиши ибтидоии касбӣ идома дорад.

Аз ҷумла, дар 29 муассиса, ба шумули 21 литсей, 5 филиали марказҳои таълими калонсолон, 2 маркази омӯзиши касбӣ корҳои таъмир ва барқарорсозӣ иҷро шудаанд. Муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, асбоби аёнӣ ва маводи таълимӣ таъмин шудаанд.

Ин ҳама дар доираи лоиҳае, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Рушди Осиё татбиқ мекунад, имконпазир шудааст. Бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳо Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» барои рӯзноманигорони ВАО-и ватанӣ дар ин рӯзҳо дар Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд саёҳатҳои матбуотӣ баргузор мекунад.

Маҷмӯан, дар тӯли 3 сол 112 синфхона, 68 устохона, 87 утоқи таълимӣ ва дигар биноҳои таъйиноти гуногун, аз қабили толорҳои конфронсҳо, утоқҳои методӣ, толорҳои таълимӣ, ошхонаҳо, утоқҳои ёрирасон, китобхонаҳо ва толорҳои варзишӣ таъмир карда шудаанд.

Лоиҳа аз 4 қисмат иборат аст: ҷорӣ намудани методикаи инноватсионӣ, барқарорсозии ҷисмонии биноҳо, хобгоҳҳо ва таъмини заминаи моддии муосир барои тайёр кардани мутахассисон аз рӯи 17 касби коргарии дар бозори меҳнат талабгордошта, фароҳам овардани дастрасӣ ба касбҳои нав, тайёр кардани идоракунандагони системаи маълумоти касбии техникӣ дар соҳаи менеҷменти муосир.

Тавре ки мутахассиси гурӯҳи мудирияти лоиҳаҳо дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Алимҷон Насриддинов зикр кард, дар доираи лоиҳа Литсейи касбӣ — техникии сохтмонӣ дар Душанбе пурра таъмир карда шудааст.

Дар литсей панелҳои офтобӣ ва монокристаллӣ насб ва ба истифода дода шудаанд.

Илова бар ин, бинои Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе бо сифати баланд таъмир карда шудааст. Донишомӯзони ин муассисаи таълимӣ акнун метавонанд дар мошинаҳои нави дӯзандагӣ омӯзиш гиранд, таҷҳизотро барои буғ додани маснуоти дӯхташуда истифода баранд.

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмир ва таҷҳизонидани Литсейи сайёҳии Душанбе, ки дар он ҷо кадрҳои имрӯз  барои ҷумҳурӣ бисёр зарурӣ омода карда мешаванд, аҳамияти калон дорад. Тавре Алимҷон Насриддинов зикр кард, агар шароити хуб барои таълим, синфхонаҳои бо васоили зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд бошад, метавон гуфт, ки туризм дилпурона рушд хоҳад кард.

«То имрӯз корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд, то ин ки донишомӯзон битавонанд дар шароити хуб таҳсил кунанд. Масалан, Литсейи техникии саноат ва кишоварзии ноҳияи Шаҳристон тракторҳо, компютерҳо, ноутбукҳо, тахтаҳои интерактивӣ, проекторҳо ва принтерҳо дарёфт кард. Пас аз анҷом ёфтани таъмир дар биноҳои муассисаи таълимӣ ва дар 6 устохона таҷҳизот насб карда мешаванд. Акнун литсей дорои техникаи нави кишоварзӣ, тракторҳо, таҷҳизот барои шинондани картошка, дорупошакҳои тухмиҳо ва сипори овезон барои гузаронидани машғулияти амалӣ мебошад. Дар ин литсей тақрибан 400 нафар донишомӯзон таҳсил мекунанд”, — иброз дошт Алимҷон Насриддинов.

Ғайр аз ин, дар Литсейи техникии Хуҷанд модели омӯзишӣ дар заминаи платформаи рақамӣ ҷорӣ карда шудааст. Омӯзиш ба дарёфти дониш ва малака дар соҳаи технологияҳои баланд ва барномасозӣ нигаронида шудааст. Имрӯз донишомӯзон дар ин ҷо дар устохонаҳои таъмиршуда таҳсил мекунанд ва дар хобгоҳҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ин рӯзҳо рӯзноманигорон низ тавонистанд аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дидан кунанд.

Ҳамагӣ  дар Тоҷикистон имрӯз 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо дар солҳои 2019-2020 зиёда аз 22336 нафар донишомӯзон таҳсил карда, онро идома медиҳанд, ки 22%  онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Акс аз АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон оғоз гардид
Дар Минск консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад
ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад