Дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ омили рушди иқтисодӣ маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 30.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу муаррифии минтақаҳои назаррабои Тоҷикистон Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ба ширкатҳои сайёҳии кишвар тавсия додааст, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва барномаҳои ҷолибу нархҳои дастрас хизматрасониро барои боздиди сайёҳони дохилию хориҷӣ бештар ба роҳ монанд. Ин дар ҳолест, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Осиё групп Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар бахши сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ омили рушди иқтисодӣ: имконият ва заминаҳои ҳамкорӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зарурати густариши соҳаи сайёҳиро таъкид доштанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳоро муваззаф намудааст, ки доир ба афзоиши саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтор, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус рушди сайёҳии дохилӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.
Имсол соли ҷамъбастии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Метавон гуфт, ки соҳа то ҷое ба ҳадаф расид, зеро ду соли қаблӣ шумораи воридшавии сайёҳони хориҷӣ беш аз дуюним маротиба боло рафта, инфрасохтори гуногуни ёрирасони соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат.
Бо дарназардошти омилҳои болозикр ва кӯшишу талошҳои мутасаддиёну алоқамандони соҳа сайёҳии дохилӣ ҳамчун воситаи дастгириву пойдорандаи соҳа байни шаҳрвандон маъруфияти бештар пайдо намуда, баъди паст шудани шиддати пандемия дар ҷаҳон сайёҳии воридотӣ боз ҳам густариш меёбад. Сайёҳии дохилӣ имрӯз дар тамоми дунё ҳамчун самти муҳими рушди соҳа арзёбӣ гардида, бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар Кумитаи рушди сайёҳи бо ширкатҳои сайёҳӣ дар майдону платформаҳои гуногун мулоқоту суҳбатҳои фарогир анҷом дода истодааст. Имрӯз аз ҷониби ширкатҳо вобаста ба рушди ин самти муҳим пешниҳодҳои мушаххас манзур мешаванд.
АКС аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






