Дар ҳудуди Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии пармашох муайян карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии пармашох муайян мегардад. Ин тадбир тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани (мониторинги) ҳисоботи саршумори ҳайвоноти нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилбуда, аз ҷумла бузи кӯҳии пармашох (морхӯр)» андешида шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар робита ба ин аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи АМИТ, Агентии хоҷагии ҷангал, Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳафизатшаванда» дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Данғара ва Шамсиддини Шоҳини дар қаторкӯҳҳои «Ҳазрати шоҳ» ҳисоботи саршумори ин ҳайвоноти нодир гузаронида шуд.
Аз ҷониби Кумита бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати омӯзиши тартиби гузаронидани ҳисоботи саршумори ҳайвоноти нодир ду маротиба давраи бозомӯзӣ ва бозомӯзии саҳроӣ гузаронида шуда, мутахассисон бо таҷҳизоти зарурӣ- дурбинҳои даҳ маротиба калон нишондиҳанда, дастгоҳҳои аксбардорӣ, дастгоҳи GPS ва компас, ҷузвдон бо дафтарчаҳои баҳисобгирӣ, харитаҳои рангаи топографии вобаста ба хоҷагиҳои шикорӣ таъмин гардиданд.
Айни замон ҳисоботи мазкур мавриди таҳлил ва омӯзиши олимону мутахассисони Кумита, Агентии хоҷагии ҷангал ва Институти зоология ва паразитологияи АМИТ қарор дошта, пас аз пурра таҳлил гардидани маълумот ахбори расмӣ пешниҳод карда мешавад.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ









Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






