Дастаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ғолиби мусобиқаи «Ватанпарвар» гардид

Апрель 18, 2021 09:34

ХОРУҒ, 18.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят ва қисми низомии шаҳри Хоруғ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» баргузор намуд. Мақсад аз баргузории ин озмун- дуруст ба роҳ мондани барномаи омодагии  мудофиаи  ҳарбӣ  дар синфҳои болоӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаббускорӣ, фаъолияти мустақилона ва таҳкими дӯстӣ миёни кӯдакону наврасон мебошад.

Сардори маркази мазкур Ниёзмамад Мамадаёзов гуфт, ки “ин мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ як навъ ҳисоботи омӯзгорони омодагии ибтидоии дифои ҳарбӣ давоми як соли таҳсил ба шумор меравад. Мутобиқи низомнома, дар қисмати кушодашавӣ ва хотимавии мусобиқа иштирокчиён бояд либосҳои махсуси ҳарбӣ бо тамғаи «Ватанпарвар»  дошта бошанд. Бо баргузории чунин мусобиқа омӯзгорони дифои ҳарбӣ назорат мекунанд, ки оё шогирдон дар ҳузури низомиёни касбӣ  дониши назариявии худро дар амал  мутобиқи талаботи низомнома татбиқ карда метавонанд ё на. Барои омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ фикру андешаи ҳамкасбону низомиёни касбӣ хеле муҳим аст”.

Сардори маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ишкошим Вазирбек Қаландарбеков гуфт, ки “чунин мусобиқаҳо масъулияти хонандагонро нисбат ба фанни дифои ҳарбӣ бештар мекунанд ва онҳоро водор месозанд, ки минбаъд ба ин дарс бо омодагии комил ҳозир шаванд. Аз сӯи дигар, ин мусобиқаҳо дар оянда наврасонро ба хизмати Ватан ҳамарафа омода ва ҳавасманд мекунанд”.

Хонандагон аз 7 намуди бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ба мисли  сафороӣ, пайваст ва ҷудо кардани силоҳ, вазнбардорӣ, танобкашӣ, дорбозӣ, истифода аз ниқоби газӣ ва таҳияи рӯзномаи «Ватанпарвар» сабқат намуданд.

Мусобиқа бо пирӯзии дастаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба поён  расид. Ин даста акнун ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинад.

Мақоми дуюм насиби дастаи ноҳияи Роштқалъа гардида, ҷои сеюмро дастаи шаҳри Хоруғ ишғол намуд.

Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Апрель 18, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад