Ду сокини шаҳри Норак бо гумони тайёр кардани қоғазҳои қиматноки қалбакӣ ва ба муомилот баровардани он боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-сола ва ноболиғи 17-сола, сокинони шаҳри Норак бо гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Гумонбарон давоми моҳи март ва апрели соли 2021, бо мақсади ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакии доллари амрикоӣ аз шиносашон -марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур купюраҳои 100- доллараи амрикоии қалбакиро дастрас намуда, ба ҷавони 28-сола ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба фурӯш баровардаанд.
Мувофиқи маълумотномаи ташхиси судӣ-криминалистӣ, купюраҳои гирифташуда 7 ҳазору 800 доллари амрикоии қалбакиро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






