Душанбе мизбони конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим мегардад
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки моҳи июл дар Душанбе конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим гузаронида шавад.
Корҳои омодагӣ ба баргузории ин конфронс зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо менеҷери минтақавии ҳамоҳангсози лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) Ирина Бекмирзаева дар Душанбе баррасӣ гардид.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ мусоҳибон инчунин масъалаҳои амалишавии лоиҳаи CAMP4ASB дар Тоҷикистон, вазъи ба анҷом расидани корҳо оид ба насби 7 истгоҳи автоматикии обу ҳаворо матраҳ намуданд.
Баҳодур Шерализода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал» ибрози назар намуда, таваҷҷуҳи намояндагони лоиҳаро ба амалӣ намудани чорабиниҳои нақшавӣ дар доираи ваколатҳои худ ҷалб намуд.
Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, мусоҳибон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.








Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд






