Фирӯз Рамазон, корманди МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Гузориши Амрико худ хилофи меъёрҳои байналмилалист»

Апрель 3, 2021 11:11

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА Гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020-ум нашр шуд, ки ба гузоришҳои қаблии ин кишвар  монанд аст ва мақоли тоҷикии «Чӣ мехонӣ? Порсола»-ро ба ёд меорад. Пас аз мутолиаи он корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз РАМАЗОН андешаҳои худро ба АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:  

«Ба ҳамагон маълум аст, ки гузориши махсуси Департаменти ИМА, ки ҳамасола таҳия мешавад, як гузориши ғайривоқеъӣ буда, дар асоси хабари матбуот ва маълумоти бардурӯғ оид ба  ин ё он кишвар омода мешавад.

Дар матлаби Радиои «Озодӣ», ки 1 апрел роҷеъ ба ин гузориш нашр шудааст, омадааст: “Муаллифони гузориш интихоботи порлумонии моҳи март ва интихоботи президентӣ дар моҳи октябри соли гузаштаро дар Тоҷикистон хилофи «меъёрҳои байналмилалӣ» номидаанд».

Аз рӯи инсоф,  ИМА баъди маъракаи интихоботи президентии худ бояд умуман дар бораи «меъёрҳои байналмилалӣ» сухан нагуяд.

Ошкоро бояд гуфт, ки дахолати Амрико ба сиёсати дохилии кишвари дигар худ амали хилоф ба «меъёрҳои байналмилалӣ» мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарду интихобот, парламентӣ ва президентӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва, аз ҳама муҳим, дар фазои суботи комил баргузор гардиданд. Инро нозирони байналмилалӣ низ эътироф карданд. Баъди интихоботи президентӣ роҳбарони давлатҳои гуногун, аз ҷумла, худи Президенти вақти ИМА Доналд Трамп ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот номаи табрикотӣ  ирсол  намуданд. Департаменти давлатии Амрико иродаи мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки сарчашмаи асосии ҳокимият ва демократия аст, нодида гирифтааст.

Муаллифони ин гузориш аз он тарафи уқёнус шояд бар он андешаанд, ки мардуми кишварҳои ин тарафи уқёнус оид ба равандҳои сиёсии дохилии Амрико бехабаранд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ аз вазъи сиёсӣ ва хусусан раванди маъракаи интихоботи президентии Амрико тавассути ВАО огоҳ ҳастанд. Ҳанӯз ҳам фаромӯш нашудааст, ки чӣ тавр эътирозгарон ва тарафдорони Доналд Трамп ба бенизомиҳо даст зада, ҳатто маркази қабули қарорҳои сиёсии Амрико – Капитолро забт карданд. Дар ин тазоҳуротҳо куштори одам низ ба қайд гирифта шуд.

Агар дар Тоҷикистон шаҳрвандон бо дафу рубоб ба маъракаи интихобот баромаданд, дар ИМА ин маърака бо сангу чӯб ва оташ задани биноҳо анҷомид. Акнун худ қазоват кунед, кадом интихобот хилофи «меъёрҳои байналмилалӣ» гузаштааст.

Инчунин, дар матлаби «Озодӣ» омадааст: «Дар гузориши нави Амрико гуфта мешавад, «шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар соли гузашта кам нашуд». Магар дар Амрико кам шудааст? Солҳои дароз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз даҳшатноктарин зиндони ҷаҳон – Гуантанамо ҳарф мезананд, ки дар он  бадтарин шиканҷаҳоро нисбати зиндониён раво мебинанд.

Ҳатто яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии  президенти собиқи ИМА Барак Обама бастани ин зиндон буд, вале, мутаасифона, амалӣ нашуд.

Ҳамзамон, муаллифони гузориш дар маҳдудияти озодии баён низ Тоҷикистонро айбдор кардаанд. Хусусан, тағйирот ба қонун, ки ҷазо «барои пахши ахбори ғалат» дар бораи пандемияи коронавирусро пешбинӣ мекунад, маҳдудияти озодии баён унвон шудааст.

Саволе ба миён меояд, ки пурра бастани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии  президент Доналд Трампро ин муаллифони гузориш чӣ унвон мекунанд? Оё ин маҳдудияти озодии баён нест? Ва дақиқан ӯро низ бо паҳн кардани маълумоти ғалат айбдор карданд. Пас мантиқ дар куҷост?

Хулоса, беҳтар аст муаллифони гузориш ба таҳлили вазъи дохилии Амрико машғул шаванд ва  ба сиёсати кишварҳои орому осуда дахолат накунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло ба ном «равандҳои демократикунонӣ» дар кишварҳои Шарқи наздик ва «инқилобҳои ранга»-ро  фаромуш накардааст.

Тибқи «меъёрҳои байналмилалӣ» ҳар кишвар ҳақ дорад дар асоси арзишҳои ба худ хос рушду инкишоф ёбад ва баҳри расидан ба хушбахтии комил талош намояд. Мо бар он ҳастем, ки тамоми давлатҳо дар асоси дӯстию баробарҳуқуқӣ фаъолият намоянд ва ҳамкориҳои судманд дошта бошанд. Мо як ҷаҳон дорем ва хушбахтии кулли башарият бояд ҳадафу мароми ҳар як давлати дунё бояд бошад».

                                                                     

Дар айни замон

Чин  дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар ИМА гузориш нашр кард

Дафтари матбуоти Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти ҳамин сол дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар ИМА дар соли 2020 гузориш нашр кард. Дар ин гузориш далелҳо дар бораи амалҳои ғайри қобили қабули Вашингтон оид ба пешгирии пандемияи коронавирус, ки дар ниҳоят ба натиҷаҳои фоҷиабор оварда расонданд ва демократияи Амрикоро халалдор карданд, нишон дода шудааст.

«Эпидемия аз таҳти назорат баромад ва  ба фоҷиаи инсонӣ табдил ёфт. То охири моҳи феврали соли 2021, дар ИМА, ки дар он камтар аз 5% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад, беш аз чоряки ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 дар ҷаҳон ва тақрибан панҷяки фавтидагон аз ин беморӣ дар сайёра ба қайд гирифта шуд», — гуфта мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин тазаккур дода мешавад, ки «бетартибӣ дар муассисаҳои демократии Амрико боиси бесарусомонии сиёсӣ гардид».

«Сиёсати олуда ба пул афкори ҷомеаро таҳриф ва пахш кард, интихоботро ба «намоиши як шахс» аз синфи сарватманд табдил дод ва эътимоди мардум ба низоми демократии Амрико то сатҳи пасттарин дар 20 соли охир коҳиш ёфт», — таъкид кардаанд муаллифони гузориш .

Илова бар ин, даъвоҳо дар бораи табъизи мунтазами нажодӣ нисбат ба гурӯҳҳои ақаллияти қавмӣ дар ИМА, инчунин қочоқи силоҳ ва ҳодисаҳои тирандозӣ ба қайд гирифта шуданд. Ҳамчунин, муаллифони гузориш дар бораи афзоиши тафовут байни сарватмандон ва камбағалҳо навиштаанд.

«Эпидемия ба бекории оммавӣ оварда расонид. Даҳҳо миллион нафар суғуртаи тиббии худро гум карданд. Гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бузургтарин қурбониёни вокуниши беандешонаи ҳукумат ба эпидемия гаштанд», — омадааст дар гузориш.

Апрель 3, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода