ФУТБОЛ. Дастаи «Равшан» бо ҳисоби 1:0 бар дастаи «Хуҷанд» пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар яке аз бозии даври мазкур дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Далер Шомуродов аз пеналтӣ ба нишон расонид.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар даври мазкур Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) пас аз се бохти пайиҳам дар мавсим бар дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи артиш голҳоро Суҳроб Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро худи душанбегиҳо вориди дарвозаашон карданд.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бидуни гол (0:0) хотима ёфт.
Ниҳоят дар бозии охири даври чорум дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дастаи нави лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Меҳмонон тавассути голи задаи Акобир Тураев дар дақиқаи 38-ум ҳисобро кушоданд. Вале зарбаҳои нишонраси Азизбек Султонов ва Муҳсинҷон Абдуғаффоров ғалабаи дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро дар ин бозӣ ҷолиб таъмин кард.
Хотиррасон мешавем,ки бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 30 апрел ва 1 май баргузор мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 3-юм
«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1
Голҳо: Абдухалил Боронов, 15 (1:0). Абдухалил Боронов, 26 (2:0). Абдухалил Боронов, 33 (3:0). Муҳсин Абдуғаффоров, 60 (3:1).
Беҳтарин бозингари бозӣ: Абдухалил Боронов («Файзканд»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
«Хуҷанд» – КМВА «Помир» – 2:0
Голҳо: Фирдавс Чақалов, 27 (1:0). Ҳоҷибой Зиёев, 71 (2:0).
Беҳтарин бозингари сабқат: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
17-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2800 тамошобин.
«Душанбе» – «Хатлон» – 1:0
Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.
Беҳтарин бозингари дидор: Люк Менҷана Леонел («Душанбе»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
17-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.
«Эсхата» – «Равшан» – 1:1
Голҳо: Абдусамад Самадов, 60 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 77 (1:1).
Беҳтарин бозингари рақобат: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
18-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
КМВА «Помир» – «Душанбе»-3:1
«Истаравшан» – «Файзканд»-0:0
25-уми апрел (якшанбе)
«Равшан» – «Хуҷанд»-1:0
«Кӯктош» – «Эсхат-2:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | Т | ФТ | Х |
| 1 | ФАЙЗКАНД (ВОСЕЪ) | 4 | 2 | 2 | 0 | 4 | 1 | +3 | 8 |
| 2 | ХУҶАНД (ХУҶАНД) | 4 | 2 | 1 | 1 | 7 | 3 | +4 | 7 |
| 3 | КУКТОШ (РӮДАКӢ) | 3 | 2 | 0 | 1 | 4 | 4 | 0 | 6 |
| 4 | ЭСХАТА (ХУҶАНД) | 4 | 1 | 2 | 1 | 6 | 5 | +1 | 5 |
| 5 | РАВШАН (КӮЛОБ) | 4 | 1 | 2 | 1 | 2 | 2 | 0 | 5 |
| 6 | ИСТАРАВШАН (ИСТАРАВШАН) | 3 | 1 | 1 | 1 | 1 | 1 | 0 | 4 |
| 7 | КМВА (ДУШАНБЕ) | 4 | 1 | 0 | 3 | 4 | 7 | -3 | 3 |
| 8 | ДУШАНБЕ (ДУШАНБЕ) | 3 | 1 | 0 | 2 | 3 | 7 | -4 | 3 |
| 9 | ХАТЛОН (БОХТАР) | 3 | 0 | 2 | 1 | 2 | 3 | -1 | 2 |
| 10 | ИСТИҚЛОЛ (ДУШАНБЕ) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 |
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






