ФУТБОЛ. Замони бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон муайян гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи аввал баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки он аз ду давр иборат мебошад, 12 даста, аз ҷумла «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Исфара»-и шаҳри Исфара, «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Динамо»-и шаҳри Душанбе ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ширкат меварзанд.
Тибқи низоми Бергер, дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон 24-25 апрел инҳо вомехӯранд:
«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафарабад)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (Ҷалолиддин Балхӣ)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон)
Ёдовар мешавем, ки чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал дар мавсими соли 2021 аз 24 апрел оғоз меёбад. Тибқи низомнома, ду дастаи беҳтарини охири мавсим ҳуқуқи соли оянда дар Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ кардан доранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






