ФУТБОЛ. Замони бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон муайян гардид

Апрель 14, 2021 16:31

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи аввал баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки он аз ду давр иборат мебошад, 12 даста, аз ҷумла «Регар-ТадАЗ»-и  шаҳри Турсунзода, «Панҷшер»-и ноҳияи  Ҷалолиддин Балхӣ, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Исфара»-и  шаҳри Исфара, «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Моҳир»-и ноҳияи  Ёвон, «Равшан»-и ноҳияи  Зафаробод, «Ҳосилот»-и  ноҳияи  Фархор, «Динамо»-и шаҳри Душанбе  ва «Пахтакор»-и ноҳияи  Ҷаббор Расулов ширкат меварзанд.

Тибқи низоми Бергер, дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон  24-25 апрел инҳо вомехӯранд:

«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафарабад)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (Ҷалолиддин Балхӣ)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон)

Ёдовар мешавем, ки чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал дар мавсими соли 2021 аз 24 апрел оғоз меёбад. Тибқи низомнома, ду дастаи беҳтарини охири мавсим ҳуқуқи соли оянда дар Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ кардан доранд.

Апрель 14, 2021 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад