Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Душанбе ҷараёни иҷрои се барномаи соҳавиро таҳлил намуд

Апрель 29, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлил ва баҳодиҳии се барномаи соҳавӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021, ки таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо доир гардид, дар Душанбе баррасӣ шуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Иштирокдорони ҷаласа «Барномаи ислоҳоти оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи чисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ва «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро матраҳ намуданд.

Барномаҳои соҳавиро муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоҳимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Ризо Назарзода  ва муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳотамшо  Латифзода тавзеҳ доданд.

Доир ба масъалаҳои матраҳгардида мубодилаи афкор сурат  гирифта, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд, хабар медиҳад манбаъ.

   АКС аз Вазорати рушди  иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Апрель 29, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд