ХИЗМАТ БА ВАТАН – ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт маъракаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро намуданд
РАШТ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод маъракаи даъвати баҳориро пурра анҷом доданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.
Комиcсари ноҳияи Лахш Алишер Мавлонзода иброз дошт, ки «дар натиҷаи тарбияи дурусти ҷавонон ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ноҳияи Лахш масъулият ҳис намуда, сари вақт ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Онҳо дар қисмҳои низомии мамлакат ба хотири ҳимояи марзу буми ватани аҷдодиямон хизмат мекунанд».
Дар ҳамоиши мазкур ба 62 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Мояи ифтихор аст, ки панҷ ноҳияи минтақа дар ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ нақшаи даъватро зиёда аз 100 фоиз иҷро намуданд ва наваскарону волидайни онҳо машқҳои низомии омоданамудаи сарбозони низомиро тамошо намуда, рӯҳбаланд гардиданд.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихӣ, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он зарур аст. Манфиат, истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд. Аз ин рӯ таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад ва падару модарон вазифадоранд, ки дар таъмини амнияти Ватани маҳбубамон саҳм гузоранд. Чунки осоиштагии мардум маҳз натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад».
Дар ҷамъомади тантанавии гусели наваскарон падари даъватшаванда Муҳаммад Нозиров — Муҳаммадзариф Нозиров гуфт, ки «ҳамагон медонем, ки ҳамасола сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз ҳисоби ҷавонони ҷасуру ватандӯст пурра гардида, ҷавонон ба ифодаи садоқату вафодорӣ ба ватан, Пешвои миллат, муқаддасоти давлатӣ ва арзиши миллӣ савганд ёд мекунанд. Имрӯз ман низ ҳамчун падар фарзанди худро ба мактаби ҷавонмардӣ гусел намуда, ба ҳамаи наваскарон тани сиҳату хотири шод таманно карда, орзуи онро дорам, ки хизмати Ватанро бо сари баланд ба охир расонида, дар ободию пешрафти мамлакат саҳм гузоанд».
Дар маъракаи мазкур даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Абуалӣ Абдувалиев, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мерафт, аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки «ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ бошанду ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода бошанд».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.











Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






