ИДИ ҲОМИЁНИ ВАТАН. Аз таъсиси Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 28 сол сипарӣ гардид

Апрель 10, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  10 апрел аз рӯзи таъсиси Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид. Бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии  Чумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар робита ба ин рӯз ва ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои баланди омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавии ҳарбӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ корҳои омодагӣ роҳандозӣ гардида, имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ баргузор намудани барномаҳои ҷашнӣ дар назар аст.

Чунон ки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пуршарафи Қӯшунҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад, ин сохтор соли 1993 ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз кардааст.

Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи мамлакат ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он аз замони таъсис то имрӯз вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро карда истодаанд.

Ин ниҳоди боэътимод сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад, зеро дар даврони шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҷуз  се қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС, дивизияи 201-ум ва заставаҳои сарҳадии Кумитаи бехатарии давлатии ИҶШС дигар воҳиди ҳарбӣ қарор надошт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дивизияи 201-ум ва заставаҳои сарҳадӣ пурра ба ихтиёри Федератсияи Россия гузашта, танҳо се  қисми ҳарбӣ дар ихтиёри давлати тозаистиқлоли мо нигоҳ дошта шуданд. Дар заминаи ин қисмҳои ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбии нав  10 апрели соли 1993 ба таври расмӣ Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шуд.

Тавре Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронии хеш иброз намуданд, “имрӯз метавонем бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоем, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлол ва ташкили ин навъи қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд”. Инчунин бо назардошти вазъияти мураккаби сиёсии кишвар ва таҳдиди воқеӣ ба истиқлоли Тоҷикистон сохтори Қӯшунҳои дохилӣ такмил дода шуда, то соли 1995 дар ҳайати он қисмҳои ҳарбии нав таъсис дода шуд. Бо ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар кишвар, барқарор шудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, теъдоди ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ихтисор карда шуда,  қисми ҳарбии он ба Гвардияи Президентӣ (ҳоло Гвардияи миллӣ) табдил дода шуд ва теъдоди муайяни ҳайати шахсии он ба ҳайати Қӯшунҳои сарҳадии кишвар шомил гардид.

Тавре дар суҳбат бо мо муовини Фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, подполковник Қандил Раҷабализода баён дошт, “таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон додаанд. Месазад зикр намоем, ки дар давраи баргузории Иҷлосияи тақдирсози  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сохторҳои ҳарбии кишвар маҳз афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини амнияти вакилони мардумӣ ҷалб гардида буданд, ки ин омил мояи ифтихори мост”.

-Имрӯзҳо қувваи Қӯшунҳои дохилӣ асосан баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншооти махсусан муҳими давлатӣ равона гардидаанд. Дар ин замина, ҳамарӯза 300 нафар сарбозони қӯшун дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбонӣ-пайроҳадорӣ ҷалб карда мешаванд, ки омили мазкур барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд,-афзуд Қандил Раҷабализода.

Ҳамсуҳбати мо вобаста ба таъминоти моддӣ-маишии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ зикр намуд, ки бо дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми панҷсолаи охир дар тамоми қисмҳои ҳарбии қӯшунҳо корҳои сохтмонию навсозӣ ва таъмиру ободгардонӣ роҳандозӣ гардида, барои фаъолияти хизматӣ, таълимот ва фароғати ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

“Имрӯз бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки шароити будубош ва таъминоти моддӣ-маишии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар сатҳи сохторҳои ҳарбии кишвар дар сафи пеш қарор дорад, ки ин маҳз аз кумаку ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти Вазорати корҳои дохиливу ҳайати роҳбарикунандаи қӯшун шаҳодат медиҳад”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди раёсат ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва моҳипарварӣ равона гардида, ба ин васила ғизои ҳамарӯзаи сарбозон аз витамину микроэлементҳои фоиданок ғанӣ гардонида мешавад.

Дар идомаи суҳбат Қандил Раҷабализода афзуд, ки  шароиту хизмат дар кисмҳои низомӣ нисбат ба чанд соли қабл ба куллӣ фарқ мекунад. Барои сарбозон ҷиҳати омӯзиши илму дониш, машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, омӯхтани касбу хунарҳои гуногун имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо ташаббуси роҳбарияти ВКД дар кисмҳои низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ бо ҷалби намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамасола курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳандозӣ  мегарданд. Баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддат сарбозон бо шаҳодатномаи махсуси тахассусӣ таъмин гардида, бо роҳбаладии ҳунармандони варзида ҳунари худро сайқал медиҳанд. Дар қисми низомии РҚД ВКД зимни боздид муайян гардид, ки сарбозон ба омода намудани мизу курсӣ машғул мебошанд. Мизу курсиҳои омоданамуди онҳо дар дигар кисмҳои низомии ВКД истифода бурда мешаванд. Бо роҳнамои ҳунармандони чирадаст ҳамзамон сарбозон дар қисми низомии мазкур ба омӯзиши нозукиҳои ҳунари кандакорӣ машғул мебошанд. Маҳсули дасти сарбозон аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай дар ин самт худи онҳо ҳунарманд гардидаанд. Дар баробари ин дар қисмҳои низомии ВКД ҳунарҳои ошпазӣ, сартарошӣ, сохтмончӣ, дуредгарӣ, таъмиргарони муҳаррикҳои нақлиёт ва кафшергарӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мақсади ба роҳ мондани курсҳои махсуси омӯзишӣ дар баробари соҳибкасб намудани насли ҷавон ва аз худ кардани ҳунарҳои асили миллӣ бо ҷалби устоҳои моҳир ҳамчунин дар замири онҳо бедор намудани ҳисси худшиносӣ мебошад. Ҳамзамон сарбозон баъди анҷоми хизмати Ватан- Модар соҳиби касбу ҳунари муайян гардида, метавонанд онро манбаи пешбурди рӯзгори худ қарор диҳанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: аз Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД

 

Апрель 10, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»