ИХРОҶИ ҚӮШУНҲО АЗ АФҒОНИСТОН — ИҚДОМИ АЗ ҲАМА ХАТАРНОКИ ҶО БАЙДЕН. Чунин меҳисобад коршиноси масоили байналмилалӣ, шореҳи ТАСС Иван Лебедев
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ихроҷи пурраи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки дар онҷо ҳузури гурӯҳҳои террористӣ боқӣ мемонад, метавонад вазъияти амниятиро дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мураккаб ва тавсеаи кумаки низомии Россияро ба Туркманистон ва Тоҷикистон тақозо кунад, навиштааст 28 апрел коршиноси умури байналмилалӣ, шореҳи ТАСС Иван Лебедев.
Ҷо Байден ба аввалин сарҳади муҳим дар вазифаи Президенти Иёлоти Муттаҳида наздик мешавад. Рӯзи панҷшанбе, 29 апрел аз рӯзе, ки ӯ дар Кохи Сафед ба ҳайси сарвари давлат ба кор шурӯъ кард, 100 рӯз пур мешавад.
«Аз ҳамтои пешинаш Доналд Трамп ба ӯ як қатор мушкилоти бениҳоят сангин мерос мондаанд, ки умдатарини онҳо пандемияи коронавирус аст», навиштааст коршинос. — Амрикоиҳо оғози фаъолияти ӯро боғайратона ва дар маҷмӯъ, муваффақона арзёбӣ мекунанд, гарчанде ки дар баробари муваффақият Байденро иштибоҳот низ думболагиранд — ду бор, ба ҳама маъноҳояш, пешпо ҳам хӯрд».
Тавре маълум аст, Байден аз рӯзи савгандёдкуниаш- 20 январ дар муқоиса бо дигар президентҳои муосир, ба истиснои Франклин Делано Рузвелт (дар омади гап, маҳз аз ӯ соли 1933 анъанаи ҷамъбаст кардани натиҷаҳои мобайнӣ сар шуда буд) муваффақ шуд, ки қарорҳо ва фармонҳои бештар қабул ва тасвиб кунад. Байден аллакай дар Кохи Сафед як нишасти калони матбуотӣ баргузор кард, ба муносибати 100 -умин рӯзи президентиаш дар назди ҳарду палатаи Конгресс суханронӣ намуд ва нахустин сафари хориҷии худро эълон кард — моҳи июн ӯ нақша дорад дар нишасти «ҳафтгона» дар Британия ва ҷаласаи НАТО дар Белгия ширкат варзад.
Тавре ки шореҳи ТАСС зикр мекунад, Байден теъдоди зиёди фармонҳои Трампро лағв кард, ИМА-ро ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Созишномаи Париж оид ба иқлим бозгардонид ва инчунин музокиротро барои аз сар гирифтани созиши ҳастаӣ бо Эрон оғоз кард. Вале ӯ эътибори яке аз қарорҳои қаблиро амалан боқӣ гузошт ва танҳо иҷрои онро шаш моҳ ба таъхир андохт. Сухан дар бораи ихроҷи қӯшунҳои ИМА аз Афғонистон меравад, ки қариб 20 сол боз дар он ҷо ҳузур доранд. Ба гуфтаи Трамп, онҳо бояд то 1 май аз он ҷо хориҷ мешуданд, ба гуфтаи Байден, ин кор то 11 сентябр, вақте ки 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористӣ дар Ню — Йорк ва Вашингтон таҷлил мешавад, сурат хоҳад гирифт.
Нақшаҳои афғонии Байден ва то ин вақт нақшаҳои Трамп вокунишҳои мухталифи коршиносони амрикоӣ, ба шумули низомиёнро ба бор овардаанд. «Эълон кардани санаи ихроҷ осон аст. Нигоҳ доштани раванди сулҳи аллакай мутаваққифшуда дар шароите, ки «Толибон» (дар Россия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) худро аз ҳарвақта дида қавитар эҳсос мекунанд, душвортар хоҳад буд»,-зикр кард Майкл Кугелман, корманди Маркази ба номи Вудро Вилсон дар Вашингтон зимни мусоҳиба бо маҷаллаи Foreign Policy.
Ихроҷи пурраи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки дар онҷо ҳузури гурӯҳҳои террористӣ боқӣ мемонад, — ин иқдоми хатарноктарини Ҷо Байден дар давраи президентии ӯ мебошад, — чунин меҳисобад Иван Лебедев.
Ба гуфтаи вай, ин «метавонад вазъияти амниятиро дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мураккаб ва кумаки низомии Россияро ба Туркманистон ва Тоҷикистон тақозо кунад».
АКС аз манбаъҳои озод









Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






