Имрӯз чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ирмӯз, 4-уми апрел чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври якуми чемпионат «Файзканд»-и Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор КМВА-и Душанберо қабул мекунад. Дар ин рӯз, дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи «Хуҷанд» бо «Душанбе-83» рақобат мекунад.
Рӯзи душанбеи 5-уми апрел бошад, “Эсхата”-и Хуҷанд бо “Хатлон”-и Бохтар қувва меозмояд. Ин бозӣ ҳам дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Бозии дигари даври якум байни дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи сешанбеи 5-уми апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.
Бозиҳо бо иштироки “Истиқлол”-и Душанбе дар оғози чемпионати Тоҷикистон-2021 мавқуф гузошта шуданд, дар рӯзҳои дигар баргузор хоҳанд шуд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, ки Арабистони Саудӣ доир мегардад, иштирок мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
4 апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Файзканд» – КМВА
Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ
«Хуҷанд» – «Душанбе»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
5 апрел (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Эсхата» – «Хатлон»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
6 апрел (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Истаравшан» – «Равшан»
Истаравшан, варзишгоҳи марказӣ
АКСҲО аз ФФТ








Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид






