Имрӯз дар минтақаи ғарбии Осиё марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 оғоз мешавад

Апрель 14, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар минтақаи ғарбии Осиё марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 оғоз меёбад. Дар он  20 даста, панҷ гурӯҳ ва танҳо соҳибони 8 роҳхат ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи бонуфузи Осиё дар минтақаи Ғарбӣ имрӯз  бо бозиҳои зергурӯҳҳои B, D ва E оғоз меёбад. 15  апрел  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки бори аввал дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳунарнамоӣ мекунад, аввалин бозии худро бо дастаи  «Шабаб Ал-Аҳлӣ» (АМА) оғоз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14 то 30 апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар даври 1/8-финалии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар квартетҳои худ бо ҷойи дуюм нишондиҳандаҳои беҳтаринро соҳиб мешаванд, баромад хоҳанд кард.

Лигаи чемпионҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

АГМК (Ӯзбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)

Апрель 14, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд