ИМРӮЗ – ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо 30 шеъри тозаи устод пайдо гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, нависандаи барҷаста ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 143 сол пур шуд. Бахшида ба ин рӯз пагоҳ, 16 апрел, соати 10:00, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ доир мегардад.
Ба ин муносибат ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдухолиқ Набавӣ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» атрофи шеърҳои тоза пайдошудаи устод Айнӣ сухан гуфт.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар ҷараёни омодагӣ ба таҳияи Куллиёти нави устод Садриддин Айнӣ имкон пайдо гардид, ки ба бойгонии эшон даст ёбем. Ҳамзамон хеле дастнависҳо аз назар гузаронда, ба рӯйхат гирифта шуданд.
«Ин кор бо супориши директори онвақтаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимӣ ба уҳдаи банда, Мубашшири Акбарзод ва Хуршеди Эҳсон гузошта шуд. Мо дар муддати якуним ҳафта парвандаҳои бойгониро аз назар гузаронидем. Аммо дар ин маврид як назар ба пешгузаштаи ин ҷустуҷӯҳо бояд биандозем. Зеро то ин ҳангом барои даст ёфтан ба дастнависҳои устод, ки ба гумони баъзеҳо аз бойгонӣ берун рафтаанд, ду дафъа комиссия ташкил карда шуда буд. Ва умед ба се говсандуқе буд, ки калидашон гум шудаву асрорангез менамуданд. Дафъаи охир барои боз кардану тафтиш кардани маводи дохили ин сандуқҳо ҳатто аз Бонки миллӣ мутахассисони сейф (сандуқ)-кушо даъват ва бо хазинаи муайян боз карда шуданд. Вале дар дохили онҳо ба ғайр аз дастнависҳои номукаммалу пароканда ва аксҳои нусхабардоришуда чизҳое, ки умедвораш будем, ба даст наёмад. Аммо ба ин ҳама ташвиш кормандони бойгонӣ посухе намедоданд ва роҳнамо намешуданд. Шояд онҳо гумон доштанд, ки комиссия дар пайи ҷустуҷӯи чизҳои дигар мебошад. Ҳарчи бошад, ба мо муяссар гардид, ки ба хазинаи Бойгонии устод Айнӣ роҳ ёбем»,- изҳор кард Абдухолиқ Набавӣ.
Ба зикри ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёт, дар бойгонӣ чанд асари муҳими Садриддин Айнӣ, масалан, нусхаи дастнависи «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», се дафтари ашъор, ки устод дар онҳо ашъори тоинқилобии худро гирд овардаву майли чоп кардан доштааст, «Марги судхӯр» ва қисмҳои 3-4 «Ёддоштҳо», мақолоти публитсистӣ ва боз баъзе чизҳо дарёфт нашуданд.
«Ҳоло мо суратнусхаи парокандаи ашъори тоинқилобӣ, маҷмӯаи «Ёдгорӣ», ҳикояи «Аҳмади девбанд», шакли мукаммали рисолаи Айниро дар бораи Навоӣ бо интихоби намунаҳои осори ӯ, ду қарина аз тадқиқоти ӯ дар бораи Бедил бо интихоби матн аз осори ӯ, баъзе мақолоти илмӣ, нусхаи комили романи «Ғуломон» ба забони ӯзбекӣ, номаҳо ва чизҳои парокандаеро дар даст дорем. Инчунин А. Кӯчаров суратнусхаи романҳои «Дохунда» ва «Ғуломон»-ро, ки доштааст, манзур кард. Куллиёти нав дар заминаи ин маводи мавҷуда тартиб дода шуд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Аммо, чунонки гуфта шуд, дар таҳриру таҳияи осори назмии устод суратнусхаи парокандаи шеърҳои ӯ, ки гумон меравад аз ҳамон се дафтари шеър аст, инчунин ба ҷуз аз дастнависи «Ёдгорӣ», варақҳои парокандаи шеърҳои дар замони шӯравӣ навиштаашон мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар натиҷа зиёда аз сӣ шеъри тозаи устод Садриддин Айнӣ ба даст омад.
Таҳияи он аз ҷониби Абдухолиқ Набавӣ, Мубашшири Акбарзод ва Хуршеди Эҳсон ба анҷом расида, чанд намунаи он пешкаши хонандагони АМИТ ”Ховар” мегардад.
Тазмин
Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,
Худ ғалат буд, он чи мепиндоштем.
Ҳофиз
Дар замини дӯстдорию вафо,
Сабз шуд ҷав, гарчи гандум коштем.
Марҳамат ҷустем аз сангиндилон,
Чашми худро худ ғуборан боштем.
Сангро, эй во, гумон кардем мум,
Кӯҳро, афсӯс, коҳ ангоштем.
Дил ҷавононро ба пирӣ бохтем,
Доруи милтиқ ба оташ доштем.
Бодро бо гард бастан хостем,
Пунбаро пеши шарар бигзоштем.
***
Биёр бода, ки ҳуҷҷоҷ шукри лиллаҳ боз,
Суи ватан бирасиданд шодмон зи Ҳиҷоз.
Бирафташон, ки зи тан рафта буд ҷони азиз,
Ба омад-омадашон ҷони рафта омад боз.
Муборак аст ба ҳар ҳол дидани аҳбоб,
Хусус аз сафар оянд баъди аҳди дароз.
Расидаанд муҳиббони мози хоки ҳарам,
Сазад ба хоки қадамшон ниҳем рӯи ниёз.
Қадам ба дидаи Айнӣ ниҳед, эй ҳуҷҷоҷ,
Ки фарши роҳи шумо ҳаст меҳр пойандоз.
***
Тарҷеъбанд
Эй монда зи васли ту ҷудо ман,
Ҳаҷри ту, бибин чи кард бо ман
Ман зарра, ту офтоби тобон,
Ҳайҳот куҷо туву куҷо ман.
Биншин нафасею оташамро
Биншон ба зулоли васл, то ман
Биншинаму бо ғами ту созам
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
Гар бар сару чашми ман нишинӣ,
Нозат бикашам, ки нозанинӣ.”
Чун нест умеди он ки як шаб
То рӯз ба пеши ман нишинӣ.
Биншинаму бо ғами ту созам
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
З-ин сон, ки раҳи умед бастаст,
Бар ман раҳи ишқи ту зи ҳар сӯ,
Он беҳ, ки зи кунҷи ноумедӣ
По дар домону сар ба зону
Биншинаму бо ғами ту созам
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
Мӯе шудам аз ғами миёнат,
Мурдам зи ду чашми нотавонат,
Ҷонам ба лаб омаду надидам,
Коме зи лаби шакарфишонат
Дур аз ту зи зиндагӣ ба ҷонам
Савганд ҳамехӯрам ба ҷонат
Аз хоки дари ту гарчи имрӯз
Дурам зи ҷафои посбонат
Фардо, ки равад ба бод хокам
Чун гард оям бар остонат.
Биншинаму бо ғами ту созам
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
Эй қадди ту сарви нозпарвар,
Дилдодаи қоматат санавбар
Мебуд ба сина рози ишқат,
Аз ҳарчи гумон барам ниҳонтар.
Сабр аз дили ман рамиду он роз
Аз парда бурун фитод яксар.
Нагрифта ба бар ниҳоли қаддат
Аз нахли умед кай хӯрам бар?
Биншинаму бо ғами ту созам
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
Эй сарви суманбари гуландом,
Аз орази ту хиҷил маҳи шом.
Боз ой, ки ҳаҷри ҷонгудозат,
Бурд аз дили ман қарору ором.
Ҳолӣ чу намешавад муяссар
Коми дилам аз ту, эй дилором,
Биншинаму бо ғами ту созам,
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
***
Аҳвол вахим аст, Худоё, мададе кун.
Олам азим аст, Худоё, мададе кун.
Аз шӯхии мо шавкати ислом халал дид,
Лутфи ту амим аст, Худоё, мададе кун.
Ин рӯз, ки омад ба сари олами ислом,
Бисёр алим аст, Худоё, мададе кун.
Ҳар чиз, ки бошад сабаби равнақи миллат,
Бар дасти ғаним аст, Худоё, мададе кун.
Имрӯз ҳаёту шарафу иззати ислом
Дар вартаи бим аст, Худоё, мададе кун.
Бо ин ҳама ғам чора ҳамин аст, ки гӯям:
Аллоҳ карим аст, Худоё, мададе кун.
***
Куҷоӣ эй бути сангиндили ман?
Намеоӣ чаро дар манзили ман?
Ту моҳи оламороӣ, аз он рӯ
Сияҳ шуд бе ҷамолат маҳфили ман?
Зи сад ҷавру ҷафо паймон набуррам,
Сиришта бо вафо обу гили ман.
Ба гӯшат ҳеҷ натвонад расидан,
Фиғон аз нолаи беҳосили ман.
Чу хунам рехтӣ, бигрехтан чист?
Ҳама донад, ту бошӣ қотили ман.