ИСРОФКОР НЕ, САРФАКОР БОШЕД! Сарварони Тоҷикистон ва Чин дар мавриди зарари исрофи ғизо изҳори ақида намуданд

Апрель 30, 2021 13:54

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакати мо [Тоҷикистон] таъсири тағйирёбии иқлим, ки хеле назаррас аст, ошкоро эҳсос мешавад ва сармои баҳори имсола ба соҳаи боғдорӣ, яъне ба ҳосили дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолу, бодом ва  ғайра зарари ҷиддӣ расонид. Вақтҳои охир бориш кам буд ва боиси камобию хушксолӣ гардида, ба соҳаҳои зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ таъсири манфӣ расонид.

Дар ин бора дирӯз, 29 апрел, Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар изҳор доштанд.

Сарвари давлат бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат карда, таъкид намуданд: «Мо бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳо самаранок истифода карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош, лӯбиё) равона созем».

Ба гуфти Пешвои миллат, ҳоло ки мавсими киштукори баҳорӣ дар авҷ аст, ҳар касе, ки бо коркарди замин сару кор дорад, бояд тамоми саъю талошро барои истеҳсоли маҳсулот ба харҷ диҳад, ҳар  оила инчунин бояд дар бораи афзоиши истеҳсолот, таъмини аъзои оила, фарзандони худ, ҳамчунин захира кардани маҳсулоти хӯрокворӣ фикр кунад. «Ин барои он зарур аст, ки мардуми мо дар фасли тирамоҳу зимистон танқисӣ накашанд ва дар шароити вазнини соли ҷорӣ муҳтоҷи дигарон нашаванд», — иброз доштанд  Пешвои миллат.

Президенти Тоҷикистон  аз сокинони мамлакат даъват карданд, ки «вазъияти ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти бавуҷудомадаро саҳл нашуморанд ва ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд».

«Вобаста ба ин, такроран иброз менамоям, ки мо бояд минбаъд низ талаботи қонун дар бораи танзими расму ойинҳоро риоя кунем, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, ба исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ роҳ надиҳем», — изҳор намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Чин

Дар ҳамин ҳол, парлумони Чин рӯзи панҷшанбе, 29 апрел қонунро дар бораи мубориза бо истифодаи исрофкоронаи маҳсулоти ғизоӣ   ба тасвиб расонид, ки моҳиятан бо Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2007 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва  қабул шуда буд, қаробат дорад.

Қонуни чинӣ дирӯз дар ҷамъбасти овоздиҳӣ дар иҷлосияи  Кумитаи доимии маҷлиси умумичинии намояндагони халқ, мақоми олии қонунгузории кишвар,  қабул гардид  ва шурӯъ аз имрӯз эътибор пайдо кард.

Пештар масъалаи чӣ тавр сер кардани аҳолии бисёр зиёд чолиши доимӣ барои ҳукумати Чин буд. Дар ҳаллу фасли ин мушкил муваффақ шуданд, ҳоло мақомот алайҳи истифодаи исрофкоронаи маҳсулот, ки миқёсан бузург шудааст, мубориза мебаранд.

Сарвари Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки «падидаи исрофкорӣ нисбат ба маҳсулот даҳшатнок ва аламовар» аст ва супориш дод, ки дар байни сокинон ҳангоми масрафи ғизо эътидол таблиғ карда шавад. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват кард, ки дар вуҷуди одамон ҳисси шарм барои «исрофи маҳсулот ва ифтихор барои сарфаҷӯӣ» -ро ташаккул диҳанд, иттилоъ медиҳанд ВАО -и чинӣ.

Пас аз фармони Си Ҷинпин, дар Чин маъракаи «Табақчаи тоза» -ро оғоз карданд, ки аллакай миллионҳо одамон ба он ҳамроҳ шудаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аксҳо ё видеоҳои табақчаҳои холиро  гузошта,  нишон медиҳанд, ки ғизо пурра хӯрда шудааст.

Ҳар сол дар Чин тақрибан 35 миллион тонна маҳсулот пеш аз ба истеъмолкунандагон расидан ба партов мубаддал мешавад.

Ҳар рӯз дар ҳар кадом аз  500 шаҳри Чин ба ҳисоби миёна тақрибан 50 тонна партовҳои ғизоӣ тавлид мешаванд. Мутобиқи таҳқиқот, дар Пекин, Шанхай, Чэнду ва Лхаса ҳар сол ба ҳисоби миёна 17-18 миллион тонна маҳсулот партофта мешаванд, ки бо он метавон як сол  30-50 миллион одамро сер намуд.

Яке аз манбаъҳои бузургтарин партовҳои ғизоӣ дар Чин чорабиниҳои корпоративӣ мебошанд. Дар тарабхонаҳои чинӣ одат шудааст, ки ғизоҳои гуногун ба миқдори калон «ба рӯи миз» фармоиш дода шаванд, на ба таври алоҳида барои ҳар шахс, агар хӯрок зиёдатӣ кунад, пас онро бо худ мегиранд.

Дар шабнишиниҳои корпоративӣ ва зиёфатҳо вазъи каме дигартар мушоҳида мешавад. Одатан, дар ин чорабиниҳо бо худ гирифтани ғизо нобоб аст, гарчанде ки миқдори зиёди он боқӣ монда бошад ҳам.

Мақомоти Чин чанд сол боз ба ин масъала машғул мебошанд, аммо, сарфи назар аз тамоми чораҳо,  зуҳуроти исрофкории аз ҳад зиёд дар кишвар ҳанӯз боқӣ мондааст.

Исрофкорӣ чист?

 Бисёр шахсиятҳои бузурги ҷаҳон исрофкориро одати бад ҳисоб мекунанд. Маънии ҳама  суханҳои гуфтаи онҳо як аст: мо бояд барои ҳамаи неъматҳо шукргузор бошем, Худо одамони исрофкорро дӯст намедорад.

Дарвоқеъ, калимаи «исроф» аз забони арабӣ омадааст ва маънои он аз «ҳудуд фаротар рафтан» аст. Ин мафҳум бисёр ҷанбаҳои ҳаётро фаро мегирад. Дар дини ислом  зиёдаравӣ (ифротгароӣ) ва исрофкорӣ  аз гуноҳҳои азим аст.

Исроф метавонад ҳам моддӣ (исрофи пул ва амвол) ва ҳам рӯҳонӣ (масалан, беҳуда сарф кардани вақт) бошад.

Луқмони Ҳаким дар ин бора чунин гуфтааст: «Нисбат ба оилаи худ некӣ кун ва нисбат ба дигарон некӣ карданро фаромӯш масоз, вагарна дар ин дунё зиён мебинӣ ва дар охират аз инъом маҳрум хоҳӣ шуд. Сарфакор бош ва исроф накун. Дар мол  хасис набош, вале исрофкор ҳам набош».

                                                                            Саид АЛӢ,
                                                                         АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2021 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент