«Истиқлол» дар бозии даври панҷум бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» ғолиб омад

Апрель 28, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 27 ба  28  апрел  чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.   Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рақобати ин дастаҳо тезу тунд сурат гирифта, рақиб ҷониби дарвозаи мо ҳамлаҳои хатарнок равона мекард ва дарвозабони бомаҳорати  дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   Рустам Ятимов ба ҳамаи зарбаҳои рақиб монеа мешуд. Сабқат ба нуқтаи ниҳоии худ наздик шуда, довар ба бозӣ 5 дақиқа илова намуд. Бозингарони тоҷик бо ёрии капитани даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 гол ба нишон расонида, дили тамоми мардуми тоҷикро шод намуданд.

Акнун баъди ин пирӯзӣ арабҳо бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳақиқат ба ин рақобат омодагии ҷиддӣ дидааст. Ҳамин тавр дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баъди 5 даври рақобатҳо бо касби 10 холи тиллоӣ дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор дорад.

Бозии дигари гурӯҳи мазкур байни ду даста-   «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон  бо натиҷаи 3:0 ба суди мизбони ин мусобиқа поён ёфт. Ҳамин тавр ҳунарнамоӣ барои дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  ва дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар ин мусобиқаи бузург хотима ёфт.

Хотиррасон мекунем, ки дар даври охир, яъне бозии 6-ум  дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе   30 апрел бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  рақобат мекунад. Умед дорем, ки дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе дар ин дидор низ пирӯз шуда, ба даври 1/8-финалӣ роҳ меёбад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А»

Даври 5-ум

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 90+7.

Ёдовар мешавем, ки  аз ин пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  дар даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб карда буд. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бозиро бо ҳисоби 0:1 мебохт, вале футболбозон тавонистанд ташаббус ба даст гиранд ва ғолиб шаванд. Голҳои  Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  се хол овард.    Дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и  Арабистони Саудӣ, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст. Дар бозии дигари гурӯҳи  «А»  дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

 «Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

     Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон)  5  3  1  1 9-6  10
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    5  3  1  1  11-7  10
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  5  1  1  3  4-5  4
4 АГМК (Ӯзбекистон)  5  1  1 3  7-9  4
Апрель 28, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт