«Комбинати Шири Душанбе» ғолиби Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар шаҳри Душанбе Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» аз рӯйи 18 номина ҷамъбаст гардид, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати Шири Душанбе» ғолиби мутлақи озмун ва пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф гардида, бо унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе» ва «Ҷоми фахрии Ғолиб» қадрдонӣ гардид. Инчунин дигар довталабон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷамъомадро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ифтитоҳ намуда, ба соҳибкороне, ки дар пешрафти шаҳри Душанбе, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳр саҳми назаррас мегузоранд, арзи сипоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо расонид.
Ба иштирокчиёни фаъоли озмун дар фазои тантанавӣ диплому сипоснома ва туҳфаҳои омодакардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид, ки ҶСП «Комбинати шири Душанбе» аз рӯйи номинаи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-корхонаи истеҳсолии Сиёма-аз рӯйи номинаи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», ҶДММ «Ноқили Талко»-аз рӯйи номинаи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», ҶСК «Авитсена»-аз рӯйи номинаи «Сохтмон, тармим ва таъмир», ҶСП «Заводи асфалту бетон»-аз рӯйи номинаи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», ҶСК «Селтехпроект»-аз рӯйи номинаи «Меъморӣ ва дизайн», ҶДММ «Асрори санг»-аз рӯйи номинаи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», ҶДММ «Мерве»- аз рӯйи номинаи «Хӯроки умум», ҶДММ «Реал-рейдинг»-аз рӯйи номинаи «Савдо», ҶДММ «Ред Лайн»-аз рӯйи номинаи «Хизмати маишӣ», ҶДММ «Фавз»-аз рӯйи номинаи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология», ҶДММ «Тиб барои Шумо»-аз рӯйи номинаи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», ҶДММ «Маркази тиббии Шифо»-аз рӯйи номинаи «Хизматрасонии тиббӣ», ҶДММ «Интер-Фитнес»-аз рӯйи номинаи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон»-аз рӯйи номинаи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ», ҶДММ «Кашфиёт Таҳлил Машварат»- аз рӯйи номинаи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», ҶДММ «ТТ Мобайл»-аз рӯйи номинаи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ», ҶДММ Ширкати Телевизион ва радиоии «Азия Плюс»-аз рӯйи номинаи «Технологияҳои ахборотӣ» ғолиб дониста шуда, бо ҷоми ғолиб ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин ба соҳибкорон ва кормандоне, ки барои ташкил намудани чорабинии мазкур ва иштироки фаъолона дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» саҳм гузоштаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Тавре зикр гардид, соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерубахши ин муҳаррик ҳастанд. Ин аст, ки дар кишвар барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020»-ро барои соҳиб гардидан ба диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд низ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ саҳми назаррас мегузоранд.













Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






