Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2021» ҷойҳои панҷумро ишғол намуданд

Апрель 5, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2021», ки аз 1  то 3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, ду паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов  ҷойҳои панҷумро касб карданд. Дар мусобиқаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 паҳлавони шинохта  – Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок намуданд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов   дар рӯзи охирини мусобиқа – 3 апрел  рақобат карданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар намояндаи Австрия Адам Борчашвили, дар даври дуюм бар Александр Сидорук аз Беларус, дар даври сеюм бар Бездек Мартини аз Ҷумҳурии Чех ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар чорякфинал бар Ли Кочман аз Исроил дастболо шуд. Вале дар нимфинал қувваозмоиро ба Маркус Найман аз Шветсия бохт. Сипас Комроншоҳ барои ҷойи сеюм аз Давид Кламмерт (Ҷумҳурии Чех) дар муддати 5 дақиқаю 20 сония бо баҳогузории «ваза-ари» шикаст хӯрд ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд. Дар натиҷа паҳлавони тоҷик мақоми панҷумро касб кард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Темур Раҳимов, ки дар вазни беш аз 100 кило рақобатро аз даври дуюм шурӯъ намуд, бар Еней Маринич аз Словения ғолиб шуд. Аммо дар даври чорякниҳоӣ аз рақиби пуртаҷрибааш Ҳисаёши Ҳарасава шикаст хӯрд. Темур дар даври тасаллобахш бар Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон пирӯз шуд. Баъдан паҳлавони тоҷик барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Лукаш Крпалеки чех қувва озмуд. Лукаш дар муддати 2 дақиқаю 58 сония бо баҳогузории «иппон» ғолиб шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Темур мақоми панҷумро аз худ кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 1 апрел кори паҳлавони ҷавони тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров барор нагирифт. Ӯ бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 60 кило ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Рақибаш намояндаи Туркия Солиҳ Йилдиз буд. Шаҳбоз дар муддати 2 дақиқаю 51 сония се огоҳӣ – «шидо» гирифт ва рақибаш бо баҳогузории «иппон»  ғолиб дониста шуд. Ҳамин тариқ, Шаҳбоз аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Анталия ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардиданд. Дар ҳар вазн ба ғолиб 5000 доллар, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Шаҳбоз Саидабуроров  дар  мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2021»   дар вазни то 60кг  кишвари моро намояндагӣ кард. Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дода, сазоавори медали  биринҷӣ гардид. Барои Шаҳбоз Саидабуроров ин сеюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ӯ се ҳафта қабл дар мусобиқаи Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд. Шаҳбоз барои ин дастовард бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА сарфароз шуда, соҳиби 500 хол  гардид ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намуд.

Апрель 5, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 мубориза мебарад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад
Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Душанбе баргузор мешавад
Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни наврасон ва ҷавонон соҳиби медали тилло гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ бо тими Филиппин мусовӣ намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) чемпионати CAFA-2025-ро бо пирӯзӣ бар тими Афғонистон оғоз кард
Гела Шекиладзе: «Футболбозони тоҷик бо тамоми неру барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин тайёрӣ мебинанд »
ЧЕМПИОНАТИ CAFA U-20. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Филиппин бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Филиппин бо либоси сафед бозӣ мекунад
Ду дастаи Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 иҷозатнома гирифтанд