Кормандони Сафорати Тоҷикистон аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 23 апрели соли равон 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёда аз як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба Ватан гусел карда мешаванд.
Тавре дар сомонаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар дода шудааст, кормандони Сафорат 21 апрели соли равон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва омада, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассиса шинос гардиданд.
Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Дар мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба онҳо оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод гардид.
Айни ҳол дар боздоштгоҳи мазкур 37 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 35 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид. Барои 2 шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд. Пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.
АКСҲО аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия








Пешвои миллат: «Дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»






