Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад

Апрель 2, 2021 16:23

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2-5 апрел дар натиҷаи баланд шудани дамои ҳаво лағзиши тарма ва резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ҳамчунин омадани сел дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ эҳтимол дорад. Рӯзҳои 4-5 апрел  болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ интизор меравад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маъмулан боронҳои шадид сабаби ҷунбишу ҳаракати хоки теппаҳои наздикӯҳӣ мешаванд. Ҳавои номусоид корҳои чӯпониву чорвочаронӣ ва роҳандозии корҳои кишоварзиро низ ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.  Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои кӯҳӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва занбурӯғҳо худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо шаҳрвандон ба моҳидорӣ нараванд ва худро ҳамеша аз соҳилҳо дур нигоҳ доранд.

Бо мақсади роҳ надодан ба пур шудани кӯчаҳо аз оби борон тоза кардани ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро фаромӯш набояд кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳамеша ба маълумоти Кумита, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт дар мавриди вазъи ҳаво ва роҳҳо диққат диҳанд.

Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар такя ба  маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки  аз 4 то 5 апрел дар баъзе ноҳияҳо боронҳои пуршиддат меборанд, дар водиҳо ин борон метавонад ҳамроҳ бо раъду барқ ояд. Дар доманакӯҳҳо, дар баландиҳои  беш аз 2000 метр шабонгаҳон барф меборад. Ҳамчунин эҳтимоли боридани жола низ вуҷуд дорад.

3-4 апрел дар баъзе ноҳияҳо  вазиши боди шадид бо суръати 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд суръати вазиши шамол то ба 21-26 метр дар як сония мерасад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 2, 2021 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид