ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: «Истиқлол» дастаи «Ал-Ҳилол» — ро бо ҳисоби калон мағлуб кард

Апрель 26, 2021 08:26

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар тими «Ал-Ҳилол» аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, «Истиқлол» бозиро бо ҳисоби 0:1 мебохт, вале футболбозон тавонистанд ташаббус ба даст гиранд ва ғолиб шаванд. Дублҳои Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба душанбегиҳо се хол овард. Чемпиони Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. “Ал-Ҳилол” ҳам, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бар тими АГМК бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

“Истиқлол” дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 27 апрел муқобили клуби “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” аз АМА вориди майдон мешавад. Дидори дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

 Гурӯҳи «А». 4-ум давр

 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1

Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтаринбозингаридидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).

24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Узбекистон) – 3:1

АКСҲО аз ФФТ

Апрель 26, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд