ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2021: «Истиқлол» аввалин машқҳои худро дар шаҳри Риёз баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки як рӯз пеш ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, аввалин машқҳои худро дар Риёз баргузор карданд. Чемпиони Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии ФК «Истиқлол» хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 апрел дастаи фуболи «Истиқлол»-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) — 2021 вориди шаҳри Риёз – пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуд.
Ҳайати дастаи чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанберо дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Риёз Сафир ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва намояндагони расмии Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ истиқбол гирифтанд.
Ба гуфти сармураббии дастаи «Истиқлол» Виталий Левченко, «Лигаи чемпионҳо барои мо як даъвати нав аст, мехоҳем натиҷаҳои баланд ба даст орем ва мухлисони худро бо ҳар бозӣ шод гардонем.»
Дастаи «Истиқлол» 21 футболбозро ба марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин сабқати бошгоҳҳои Осиё шомил кард. Ба сабаби ҷароҳат доштан дар ин мусобиқа ба «Истиқлол» ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев ва ҳамлагар Ислом Зоиров кумак карда наметавонанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-202, ки 14-30 апрели соли 2021 дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаи чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаҳои «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, «Шабоб Ал-Аҳлӣ»-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва «АГМК»-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.
Ҳайати «Истиқлол» барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021:
Дарвозабонҳо – Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов, Сафармад Гаффоров.
Нимҳимоятгарон – Аҳтам Назаров, Алексей Ларин (Украина), Манучеҳр Сафаров, Андрей Мишенко (Украина), Зоир Ҷӯрабоев, Ромиши Насрулло, Вахдат Ханонов.
Нимҳимоятгарон – Шаҳром Сулаймонов, Шарифбек Раҳматов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Хуршед-Темур Ҷӯраев, Рёта Нома (Ҷопон), Нуриддин Давронов, Алишер Ҷалилов (капитан).
Ҳамлагарон – Рустам Соиров, Салам Ашурмамадов, Ҳусейн Доған (Ҳолланд), Манучеҳр Ҷалилов.
Сармураббӣ — Виталий Левченко.
Лигаи чемпионҳои АFC-2021
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
АГМК (Ӯзбекистон).
Даври 1-ум
15-уми апрел (панҷшанбе)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
Даври 2-юм
18-уми апрел (якшанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Даври 3-юм
21-уми апрел (чоршанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Даври 5-ум
27-уми апрел (сешанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Даври 6-ум
30-юми апрел (ҷумъа)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)
АКСҲО аз сомонаи расмии «Истиқлол»









Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






