ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2021: «Истиқлол» аввалин машқҳои худро дар шаҳри Риёз баргузор намуд

Апрель 12, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки як рӯз пеш ба Арабистони Саудӣ рафта  буданд, аввалин машқҳои худро дар Риёз баргузор карданд. Чемпиони Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар  Арабистони Саудӣ қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии ФК «Истиқлол» хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 апрел дастаи фуболи «Истиқлол»-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) — 2021 вориди шаҳри Риёз – пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуд.

Ҳайати дастаи чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанберо дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Риёз Сафир ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва намояндагони расмии Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ истиқбол гирифтанд.

Ба гуфти  сармураббии дастаи «Истиқлол» Виталий Левченко, «Лигаи чемпионҳо барои мо як даъвати нав аст, мехоҳем натиҷаҳои баланд ба даст орем ва мухлисони худро бо ҳар бозӣ шод гардонем.»

Дастаи «Истиқлол» 21 футболбозро ба марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин сабқати бошгоҳҳои Осиё шомил кард. Ба сабаби ҷароҳат доштан дар ин мусобиқа ба «Истиқлол» ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев ва ҳамлагар Ислом Зоиров кумак карда наметавонанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-202, ки 14-30 апрели соли 2021 дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаи чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаҳои «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, «Шабоб Ал-Аҳлӣ»-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва «АГМК»-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.

Ҳайати «Истиқлол» барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021:

Дарвозабонҳо – Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов, Сафармад Гаффоров.

Нимҳимоятгарон – Аҳтам Назаров, Алексей Ларин (Украина), Манучеҳр Сафаров, Андрей Мишенко (Украина), Зоир Ҷӯрабоев, Ромиши Насрулло, Вахдат Ханонов.

Нимҳимоятгарон – Шаҳром Сулаймонов, Шарифбек Раҳматов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Хуршед-Темур Ҷӯраев, Рёта Нома (Ҷопон), Нуриддин Давронов, Алишер Ҷалилов (капитан).

Ҳамлагарон – Рустам Соиров, Салам Ашурмамадов, Ҳусейн Доған (Ҳолланд), Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ — Виталий Левченко.

Лигаи чемпионҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

АГМК (Ӯзбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)

АКСҲО аз сомонаи расмии «Истиқлол»

Апрель 12, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд