Мақомоти шаҳри Душанбе эълон менамояд: шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд «Боғи ҳайвонот»-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд бо пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида «Боғи ҳайвонот»-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг зананд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2020 барои сохтмони «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст.
Мавзеи ҷудогардида барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани шароити озоди гашту гузори ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад, ба назар гирифта шудааст.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






