«МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР!». 510 нафар ҷавонони Душанбе дар рӯзи аввали даъват ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

Апрель 1, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат маъракаи гусели наваскарон, чорабиниҳои тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардиданд. Зимни он аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе  510 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Дар маросим ба даъватшудагоне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ариза пешниҳод намуда, курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ омӯхтаанд, шаҳодатномаи  хатми мактаби ронандагӣ тақдим гардид. Сипас маросими «Нонгазон», намоиши машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри болидарӯҳии наваскарон барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши театрӣ аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умед Гуреззода, сардори Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии ситоди генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусо Одиназода, Раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Баҳром Рустамов иштирок карда, сухан гуфтанд.

Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни  хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст. Аз ин рӯ ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ҳамчунин дар маърака беш аз 900 нафар масъулин ва иштирокчиён, аз ҷумла, роҳбарону масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳои он, ҷавони ихтиёрӣ, ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ва волидайни онҳо иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Инчунин  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 марти соли 2021 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расидааст.

Дар  қарори марбутаи  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  комиссарҳои ҳарбӣ, раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, тибқи қарори мазкур, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

 

Апрель 1, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад