Машқҳои Системаи муттаҳидаи ДЗҲ -и ИДМ моҳи сентябр дар машқгоҳҳои Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои муштараки Системаи муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ (ДЗҲ) -и кишварҳои ИДМ «Иттиҳоди ҷангӣ — 2021» моҳи сентябри соли равон дар машқгоҳҳои низомии Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба “Интерфакс” хабар медиҳад, дар ин хусус фармондеҳи неруҳои дифои зиддиҳавоӣ ва зиддимушакии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР, муовини сарфармондеҳи неруҳои низомии кайҳонӣ, генерал-лейтенант Юрий Грехов ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
«Дар ҷараёни машқҳо истифодаи машқгоҳҳои таълимии Ашулуки Федератсияи Россия, Сари-Шагани Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳарб-Майдон ва Чоруқдарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин машқҳо воҳидҳои ҷангии қӯшунҳои ДЗҲ ва неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии (НҲҲ) Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард», — гуфт ӯ пас аз ҷамъбасти натиҷаи ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои ДЗҲ -и кишварҳои ИДМ.
Дар ҷараёни машқҳо, коркард ва такомули масоили истифодаи гурӯҳҳои авиатсия ва қӯшунҳои ДЗҲ -и кишварҳои ИДМ зимни амалиёти зиддитеррористӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳ ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафҳои асосии машқҳо баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии ҷангии қӯшунҳои ДЗҲ -и кишварҳои ИДМ ва такмил додани масъалаҳои ҳамкории онҳо ҳангоми амалиёти ҳарбӣ, инчунин таҳқиқи масъалаҳои мушкили истифодаи муштараки қӯшунҳо хоҳанд буд.
Системаи муттаҳидаи дифоъи зидди ҳавоӣ дар асоси созишнома байни 10 кишвари ИДМ, ки 10 феврали соли 1995 дар Алма-Ато ба имзо расида буд, сохта шудааст. Муҳлати созишнома номаҳдуд ва он барои ҳамроҳшавии кишварҳои дигар боз аст. Дар он Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.
Ҳоло дар ҳайати қувваҳо ва воситаҳои Системаи муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии ИДМ қариб 20 қисми авиатсионӣ, зиёда аз 50 қисми қӯшунҳои мушакии зиддиҳавоӣ ва радиотехникӣ, қариб 10 бригадаи ДЗҲ шомил мебошанд. Инчунин дар ҳайати Системаи муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии ИДМ қисмҳои муборизаи электронӣ шомил карда шудаанд.
АКС аз манбаъҳои озод








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






