«Мирзо Турсунзода — вассофи сулҳу дӯстӣ». Таҳти чунин унвон бахшида ба 110-солагии шоир дар шаҳри Турсунзода конфронси илмӣ-адабӣ баргузор шуд

Апрель 28, 2021 10:49

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  27 апрел бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Пеш аз  сафар ба шаҳри Турсунзода, нахуст иштирокчиёни конфронс дар оромгоҳи устод Мирзо Турсунзода, ки  дар оромгоҳи  Лучоби шаҳри Душанбе воқеъ аст, гулчанбар гузоштанд.

 

Ҳайати меҳмонон дар шаҳри Турсунзода аз Осорхонаи марказӣ, ки дар он бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аксу мусаввараҳои Мирзо Турсунзода, ашёе, ки устод солҳои 1943-1946, замони раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданаш истифода намудааст ва дар ин осорхона нигоҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд.

Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турунзода- вассофи сулҳу дӯстӣ» дар толори «Кохи Дӯстӣ»-и шаҳри Тунсунзода оғоз шуда, дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, нахустфарзанди устод, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода, раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, адибону нависандагон, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони касбу кори гуногун ва сокинони заҳматқарину шарафманди шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки «мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ- 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн ва рӯҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври муътамад собит месозад».

Зикр шуд, ки ҳамоиши имрӯзаро, ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлоли давлатӣ арзёбӣ кард.

«Тавре Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, шеърҳои Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсониятанд. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифта, халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард»,- афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Муовини якуми Раиси шаҳри Турсунзода Саидамин Остоназода баён намуд, ки каломи муассиру ҷозибадори Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хосса касб кардааст.

Муовини Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Зан-Модар ва мақоми иҷтимоии ӯ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» маърӯза намуда, иброз дошт, ки  агар ҷараёни зиндагии шоирро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад.

«Мирзо Турсунзода дар таъриху ташаккул ва такомули адабиёти навини тоҷикон нақши ҷовидона гузоштааст. Ашъори ин шоири тавонои миллати тоҷик аз мавзуоти ҷабҳаҳои муҳим таркиб ёфта, ситоиши зан яке аз мавзӯъҳои асосии назми рӯҳнавозу дилписанди ин суханвари беназир ба шумор меравад. Мирзо Турсунзода таҷрибаҳои ҷаҳонии адибони классики муосири форсу тоҷик, ҳамчунин муҳимтарин  равандҳои адабиёти ҷаҳониро ҳамаҷониба омӯхта, дар тасвири ҷаҳони  зебои зан муваффақ гардида, дури маънӣ суфт ва ба иншои «Модарнома» дар назми имрӯзаи тоҷик  асос гузошт», — илова кард Хайринисо Юсуфӣ.

Ба гуфтаи мавсуф, шоир шурӯ аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба неруи азими маънавӣ мубаддал намудааст.

«Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад. Воқеан, дар ашъори устод Мирзо Турсунзода мавзӯи зан-модар мавқеи меҳварӣ дорад. Ситоиши ин сарчашмаи ҳаёт дар ашъори шоир бисёр барҷастаю шоиста мебошад»,- афзуд Хайринисо Юсуфӣ.

Дар конфронс нахустфарзанди устод Мирзо Турсузода, доктори илмҳои фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода хотираҳояшро дар бораи падараш чунин баён дошт: «Вақте ки падарам аз сафарҳо бармегаштанд, пурсон мешудем, ки дар он шаҳрҳо кадом хӯрокҳои болаззатро чашидед? Он кас иброз медоштанд, ки «духтарам, аз буридаи ноне, ки ба оби дарёи Қаратоғ тар мекунаму мехӯрам, чизе азизтару ширинтар нест».

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода – олим, муҳаққиқ ва ҳакиму донишвари замон» маърӯза намуд.

Мавсуф иброз намуд, ки «барои ҷомеаи илмӣ ва адабии кишвари азизамон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз бузургмардони миллат 110-солагии устод Мирзо Турсунзодаро барои тамоми аҳолии кишвар самимона муборак гуфта, амалӣ гардидани орзуҳо ва ормонҳои ӯро дар амри шукуфоии ҳарчи бештари ватанамон, беҳбудии рӯзу рӯзгори мардуми шарафманди тоҷик, рушди илму фарҳанг, эҳёи суннатҳои бостонии миллӣ дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон таманно менамоям ва мақолаи мазкурро бо навиштаҳои пурмеҳру самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар асари арзишманди худ «Чеҳраҳои мондагор» дарҷ намудаанд, анҷом мебахшам. Пешвои муаззами миллат бо эҳсос ва ифтихори баланд ин шиорро барои арҷгузории абадӣ ба ин фарзонафарзанди миллат таъкид менамоянд: «Бигзор, номи муборак ва осори  арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад. Бигзор каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад!».

Дар конфронс Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Зикр шуд, ки «устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки аз байни халқ баромадааст. Ӯ дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон тарбият ёфта, аз саргузашти халқ, таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату ойинҳо,  мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст.  Ӯ ин ҳамаро аз сар гузаронидаву дар пӯсти худ эҳсос намудааст. Ба ҷуз ин ӯ фарзанди содиқу бовафо ва ҷоннисори  ҳамин диёр аст, ватанашро дӯст медорад. Аз ин рӯ дар тасвирҳои шоиронааш аз ин дониш истифода мекунад ва ҳамин сифату ҳамин огоҳист, ки ашъори ӯ шираи маърифати халқ дорад, ба забони халқ наздику фаҳмост. Аз ин рӯ сухани ӯ дар ин мавзӯъҳо равшану равон ва табиист».

Дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ аз ҷониби иштирокдорон фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.

Дар идомаи Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ барномаи фарҳангӣ, ки саросар аз осори пурғановати адабию фарҳангии шоир таҳия гардида буд, манзури меҳмонон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси пешниҳод ва супориши Президенти Тоҷикистон имсол дар ҳавои ҷашну сури 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз саду даҳсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯзҳо дар саросари кишвар- дар муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба ҷашни ин фарзанди фархундаи миллатамон доир мегарданд ва пажӯҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»,

                                                                 Душанбе-Турсунзода-Душанбе

Апрель 28, 2021 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид