Миёни МОИ-и Тоҷикистон ва ширкатҳои Санк-Петербург санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 973,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нукта зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербурги Россия таҳти роҳбарии Марк Руслан дар Душанбе зикр шуд.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар мулоқот мусоҳибон лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ширкатҳои Санкт-Петербургро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор доштанд.
Расм аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






