Миёни МОИ-и Тоҷикистон ва ширкатҳои Санк-Петербург санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд

Апрель 14, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 973,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нукта зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербурги Россия таҳти  роҳбарии Марк Руслан дар Душанбе зикр шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар мулоқот мусоҳибон лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ширкатҳои Санкт-Петербургро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор доштанд.

Расм аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Апрель 14, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд