Миёни Тоҷикистон ва Россия Созишнома оид ба системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ ба имзо расид

Апрель 27, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу сурат гирифт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни ду кишвар дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

Сипас маросими имзои “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ” сурат гирифт. Созишномаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу ба имзо расониданд.

Апрель 27, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд