МУШКИЛОТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД. Чаро сохтмони мактаби №6, ки қариб 20 сол пеш оғоз шуда буд, анҷом намеёбад?

Апрель 5, 2021 12:05

ТОҶИКОБОД, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Тоҷикобод 22 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия дар назди ду муассисаи таълимӣ ду бинои иловагӣ  сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Иқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод  Шаидулло Давлатов мегӯяд, ки  дар баробари сохтмони синфхона ва биноҳои  иловагӣ   мушкилии нарасидани  892 ҷойи нишаст  ва мизу курсӣ барои хонандагон  дар ноҳия боқӣ мемонад.

ҶДММ «Нурофарид» сохтмони муассисаи таълимии рақами 6-ро, ки  дар деҳаи Нушори Ҷамоати деҳоти Нушор бунёд мегардад, ба уҳда гирифтааст. Роҳбари ҶДММ «Нурофарид» Ноилҷон Бобоев дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  «сохтмони муассисаи таълимии рақами 6 қариб  20 сол пеш оғоз гардида буд.   Барои сохтмони ин бинои таълимӣ 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ  пешбинӣ шудааст. Аз сабаби сари вақт маблағгузорӣ накардани Вазорати маориф ва илм сохтмони он солҳои дароз аст, ки ба анҷом  намерасад.  Соли гузашта мо бо маблағи  150 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро  ба анҷом расонидем, вале Вазорати маориф ва илм ба мо ҳамагӣ 25 ҳазор сомонӣ гузаронду тамом. Айни замон аз мо 100 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Вазорати маориф ва илм соли 2021 барои идомаи  сохтмони муассисаи таълимии рақами 6  700 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, вале масъулини вазорат мехоҳанд тендер эълон кунанду сохтмончии дигар корҳои сохтмониро анҷом диҳад. Сохтмони ин бинои муассисаи таълимиро  солҳои дароз  аст, ки мо бо маблағи 10 ҳазору 20 ҳазор сомонӣ идома дода истодаем. Ширкати сохтмонии мо соли гузашта аз тендер гузашта буд. Аз ин рӯ айни замон мо кӯшиш намуда истодаем, ки бо розигии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм корҳои сохтмонии ин муассисаро ҶДММ «Нурофарид» ба анҷом расонад».

Сохтмони  муассисаи таълимии рақами 6 аз ду бинои дуошёнагӣ ва толори варзишӣ иборат аст. Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод, бинои якуми онро ширкати сохтмонии ҶДММ «Рамиз»  соли 2009  ба истифода додааст.  Аз сабаби паст будани сифати корҳои сохтмонии ин ширкат айни замон  ҳолати бино нигаронкунанда аст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми ин муассиса зиёда аз 70 фоиз иҷро гардидаанд. Дар толори варзишии ин муассиса танҳо сохтмони  таҳкурсӣ ба анҷом расидаасту  халос.

Бинои кӯҳнаи муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Тоҷикобод аз солҳои 50-ум боқӣ мондааст, ки айни замон бинои садамавӣ ба ҳисоб меравад. Директори ин муассиса  Аминҷон Саидакрамов мегӯяд, ки “ҳоло дар ин бинои кӯҳнаи садамавӣ 717 нафар хонандагон бо мушкилоти зиёд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва  барои 200 нафар хонанда ҷойи нишасту мизу курсӣ  намерасад. Агар корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб сари вақт  ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд ва он бо мизу курсиҳои нав  таъмин шуда,  дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад, мушкилоти хонандагони мо бартараф  мегарданд”.

Мувофиқи нақшаи   чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд бинои нави муассисаи таълимии рақами 6  ва толори варзишии он соли 2019 ба истифода дода мешуданд. Вале бо сабабҳои буҳрони иқтисодӣ муҳлати ба истифодадиҳии ин муассисаи таълимӣ то моҳи августи соли 2021 тамдид карда шуд. Бо фаро расидани фасли баҳор ва мусоид шудани ҳаво низ дар бинои муассисаи  таълимии рақами 6 дар ноҳияи Тоҷикобод  корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидаанд.

Шаидулло Давлатов изҳор намуд, ки “дар ноҳияи Тоҷикобод 43 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 10 ҳазору 500 нафар хонандагон фаъолият доранд. Аз ин 43 муассисаи таълимӣ 8 адади он садамавӣ мебошанд, ки айни замон дар онҳо хонандагон таҳсил менамоянд.  Ҳамасола ин 8 муассисаи садамавиро, ки аз солҳои 50- 60-ум боқӣ монда, барои таҳсили хонандагон хатари калон доранд, барои тадбирандешӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем, вале то имрӯз барои бартараф кардани ин мушкилӣ ҳеҷ иқдоме амалӣ нагардидааст”.

Шаидулло Давлатов мегӯяд, ки солҳои охир аз ҳисоби синфҳои як бо теъдоди 400-500 нафар сафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ  зиёд гардида истодааст.  Аз ин ҳисоб дар ноҳия 892 ҷойи нишаст  ва мизу курсӣ намерасад ва дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия хонандагон рост истода, дарс мехонанд, ки ин ҳолат ба гузариши дарс ва саводнокии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.  Бо вуҷуди  муроҷиатҳои хаттию шифоҳии зиёд ба Вазорати маориф ва илм, соҳибкорону мақомоти иҷроия ин мушкилот солҳост, ки  ҳалли худро намеёбад.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод  гуфтанд, ки  дар доираи имконоти буҷети маҳаллӣ  дар назди муассисаи таълимии рақами 2 бинои иловагии дорои шаш синфхона ва дар назди муассисаи таълимии рақами 27 низ бинои иловагӣ бо шаш синфхона ба истифода дода шуд. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 42 бо 6 синфхона ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони маҳал дар назди муассисаҳои таълимии деҳаҳои Зарнисор,  Ғуломон, Дараи назарак  6 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ноҳия бинои дуошёнаи муассисаи рақами 10 сохта шуда истодааст. Дар сурати сари вақт маблағгузорӣ шудану оғоз намудани корҳои сохтмонӣ он бояд то ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Субҳониддини  МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд