Нахустин ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2021 доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Платформаи миллии коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони платформаи миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа иштирокунандагон ҷараёни корҳои пешгирикунанда, гирифтани пеши роҳи бемориҳои ниҳоят хавфноки сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла полиемилит, коронавирус ва раванди эмкунӣ, фаъолияти Низоми мониторинг ва пешгӯии равандҳои гидрометеорологӣ, ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2018-2022, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои муҳиму мубрамро баррасӣ намуданд.
Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат изҳор дошт, ки «ҳадафи асосии ҷаласаи имрӯза- ҳамоҳангсозии вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо оид ба рафъи ҳодисаҳои табиӣ ва аз ҳама муҳим, бурдани корҳои пешгирикунанда мебошад. Чорабиниҳои муҳиме, ки дар доираи Платформаи миллӣ баргузор карда мешаванд, ба он равона мегарданд, ки шумораи офатҳои табиӣ коҳиш дода шавад ва ҳангоми рух додани ҳодисаҳои табиӣ хисороти ҷонӣ паст карда шавад».
Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, агар соли 2019 дар ҳудуди мамлакат 680 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2020 шумораи он 213 адад коҳиш ёфт. Дар натиҷаи саъю кӯшише, ки дар доираи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ доир карда мешавад, шумораи фавтидагон ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ имсол бори аввал аст, ки баргузор мешавад. Дар ҷумҳурӣ 1470 минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шудааст ва барои бурдани корҳои пеширикунандаю огоҳонии аҳолӣ ҳамоҳангсозии муштараки вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.
Ба иттилои Умеда Юсуфӣ, дар қаламрави мамлакат аз оғози сол то кунун беш аз 200 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расонидааст. Дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ то кунун 12 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳамоиш миёни аъзо ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ҷудо кардааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






