ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад

Апрель 1, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат  меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанди бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат  меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тунук мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунк  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти борон ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  дараҷа хунук ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  2+4 дараҷа ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 1, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад