ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво 30+35 дараҷа гарм мешавад

Апрель 25, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 25.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва   тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон ба 30+35 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва  рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14  ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16  дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  ва рӯзона  16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  8+10 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Апрель 25, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид