ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 21-22 апрел дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борони бошиддат ва жола меборад

Апрель 20, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  21-22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид  шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо инчунин  раъду барқ ба амал омада, боридани жола пешбинӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда- Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Апрель 20, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд