Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 апрели соли равон дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020» ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ғолибони озмун аз рўи ҳар як номина бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе» бо «Ҷоми фахрии Ғолиб», дигар довталабон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамасола дар пойтахт озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолию буҷети шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷонибаву ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» баргузор карда мешавад.
Акс аз бойгони АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






