«ПАРВОЗИ БАЛАНДУ ШАҲПАРИ МО ВАТАН АСТ…». 120 нафар ҷавонони шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 120 нафар ҷавонони шаҳри Ҳисор ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳанги шаҳр доир гардид, роҳбарони шаҳр ва падару модарони наваскарон иштирок карданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода изҳор дошт, ки «ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани шумо, ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоёнро дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун вориси арзанда идома мебахшед ва ҳимояи Ватанро муқаддас мешуморед. Ҷавонони шаҳр имрӯз омодаанд дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ барои дигарон намунаи ибрат бошанд».
Дар маросими гусели наваскарон ба онҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва содиқона хизмат намудан ба Модар-Ватан далериву шуҷоатмандӣ таманно намуданд.
Зикр шуд, ки Ватан беҳтарин меодгоҳ буда, ҳифзи он муқаддас ва баробар ба дӯст доштану эҳтиёт кардани Модар мебошад:
Эй дӯст биё, ки раҳбари мо Ватан аст,
Парвози баланду шаҳпари мо Ватан аст.
Ғамхораи мо нест ба ҷуз ишқи Ватан,
Болида биё, ки модари мо Ватан аст.
Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






