«ПАРВОЗИ БАЛАНДУ ШАҲПАРИ МО ВАТАН АСТ…». 120 нафар ҷавонони шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд

Апрель 2, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 120 нафар ҷавонони шаҳри Ҳисор  ихтиёран ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳанги шаҳр доир  гардид, роҳбарони шаҳр ва падару модарони наваскарон иштирок карданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода изҳор дошт, ки «ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани шумо, ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки   анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоёнро дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва  истиқлоли давлатӣ чун вориси арзанда идома мебахшед ва ҳимояи Ватанро муқаддас мешуморед. Ҷавонони шаҳр имрӯз омодаанд дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ барои дигарон намунаи ибрат бошанд».

Дар маросими гусели наваскарон  ба онҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва содиқона хизмат намудан ба Модар-Ватан далериву шуҷоатмандӣ  таманно намуданд.

Зикр шуд, ки Ватан беҳтарин меодгоҳ буда, ҳифзи он муқаддас ва баробар ба дӯст доштану эҳтиёт кардани Модар мебошад:

Эй дӯст биё, ки раҳбари мо Ватан аст,
Парвози баланду шаҳпари мо Ватан аст.
Ғамхораи мо нест ба ҷуз ишқи Ватан,
Болида биё, ки модари мо Ватан аст.

Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 2, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд

Маводҳои таҳлилӣ