Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Апрель 10, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Улёҳазрат,

Хабари даргузашти ҳамсари арҷманди Шумо — Волоҳазрат, Шоҳзода Филипп, гертсоги Эдинбург боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Улёҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон, инчунин ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».

Апрель 10, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Насими диёр» расман оғоз бахшиданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара гулгашт ва майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маркази саломатии бисёрсоҳаро мавриди истифода қарор доданд