Раҷаббой Аҳмадзода: Оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд. Ин нукта субҳи имрӯз зимни баргузории машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Исфара зикр гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд субҳи 30 апрел бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат зикр шуд, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфт.
Ҷонибҳо оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карданд ва тибқи мувофиқа, даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуданд. Айни замон гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия таъсис ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мувофиқ ва ташкили музокироти судманд кор бурда истодааст.
-Мо барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд,-иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Роҳбари вилоят ҳамзамон аз сокинони наздимарзӣ даъват кард, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд









Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






