Рамазон Раҳимзода ва Валентина Казакова ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд

Апрель 21, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова Лвовна баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҷонибҳо  раванди ҳамкориро дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва қонунигардонии буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсиия Россия гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

АКС аз Вазорати корҳои дохилӣ

Апрель 21, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд