Рустам Назарзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳамоҳанг намудани ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуд

Апрель 7, 2021 11:11

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  5 апрел Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам  Назарзода  бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2021 ва ҳамоҳанг намудани ҳамкорӣ дар соли 2022 баррасӣ шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ, огоҳсозӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии аввалин ба аҳолии осебпазир маълумот манзур шуд.

Раиси Кумита  оид ба ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази миллии тамринӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон, кормандони тиб ва  мутахассисони марказҳои таълимию методии Кумита маълумот дода, ба Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА миннатдорӣ изҳор намуд.

Рустам Назарзода  ҷиҳати минбаъд идома додани ҳамкории судманд пешниҳод намуд, ки дар ташкили курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон -ғаввосон, кинологҳо, чопи овезаҳо баҳри мактаббачагони деҳоту ноҳияҳои дурдаст онҳоро дастгирӣ кунанд.

Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер барои маълумоти пешниҳоднамуда изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки САҲА минбаъд низ ҳамкории худро бо Кумита дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ идома медиҳад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд.

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 7, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид