ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона шуданд ва нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилоят сад фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар даъвати тирамоҳӣ бо саҳми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 30 нафар даъватшавандагони шаҳри Хуҷанд мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷандро хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ ва ба хизматӣ ҳарбӣ равона шуданд. Беш аз 20 хизматчии давлатӣ низ масъулияти баланд нишон дода, фарзандони хешро бо амри дил ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намуданд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби воқеии мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан маҳсуб шуда, ҳар ҷавон бояд шукронаи давлати озоду мустақилро намояд ва бо ифтихору эҳсоси масъулияти бузург хизмати Ватанро ба ҷо орад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарон ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба онҳо хизмати содиқонаву бобарор таманно менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






