Рустам Назарзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳамоҳанг намудани ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2021 ва ҳамоҳанг намудани ҳамкорӣ дар соли 2022 баррасӣ шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ, огоҳсозӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии аввалин ба аҳолии осебпазир маълумот манзур шуд.
Раиси Кумита оид ба ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази миллии тамринӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон, кормандони тиб ва мутахассисони марказҳои таълимию методии Кумита маълумот дода, ба Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА миннатдорӣ изҳор намуд.
Рустам Назарзода ҷиҳати минбаъд идома додани ҳамкории судманд пешниҳод намуд, ки дар ташкили курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон -ғаввосон, кинологҳо, чопи овезаҳо баҳри мактаббачагони деҳоту ноҳияҳои дурдаст онҳоро дастгирӣ кунанд.
Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер барои маълумоти пешниҳоднамуда изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки САҲА минбаъд низ ҳамкории худро бо Кумита дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ идома медиҳад.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд.
Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ








Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд






