Саидмурод Фаттоҳзода ва Валериу Кивер масъалаҳои таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судмандро бо таваҷҷуҳ ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот Саидмурод Фаттоҳзода омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи таҳкими ҳамкории муштарак бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, аз ҷумла оид ба рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер изҳор намуд, ки «Дафтари барномаҳои САҲА солҳои зиёдест, ки мустақиман бо кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва дар маҷмӯъ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи якчанд барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла оид ба рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад».
Валериу Кивер инчунин зикр намуд, ки «ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва ватаниро ҷалб намуд, ки дар ин самт корҳои зиёде оид ба омӯзиши қонунгузории амалкунанда, амалия ва таҳлили муқоисавии қонун ва кодексҳои кишварҳои дигар анҷом дода шуданд».
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба тарҳрезии дурнамои ҳамкории дуҷониба табодули назар сурат гирифт.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






