Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 785 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

Апрель 10, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 785 ҳазор афзоиш ёфта, аз 135,33 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 11:00 (ба вақти Душанбе)-и 10 апрел, ба СУТ дар бораи 135 333 049 сироятшуда ва 2 929 187 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 785 896 нафар ва фавтидагон 13 268 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 31 802 772. Баъд аз он Бразилия (13 375 414), Ҳиндустон (13 375 414), Франсия (4 980 501), Россия (4 623 984), Британияи Кабир (4 365 461), Туркия (3 745 657), Италия (3 736 526), Испания (3 347 512), Германия (2 974 110), Полша (2 471 617) ва Колумбия (2 479 617) қарор доранд.

Акс аз iStock

Апрель 10, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд